Ссылки доступа

Иштироки Бердимуҳаммадов дар Бозиҳои ҷаҳонии аспдавонӣ II


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии аспдавонӣ II иштирок хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, Бердимуҳаммадов дар ин чорабинӣ бо даъвати ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев иштирок менамояд.

Президенти Туркманистон қарор аст, дар доираи ин сафари корияш ба Қирғизистон бо Отамбоев мулоқот ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Ашқободу Бишкекрро баррасӣ намояд.

Ёдрас мешавем, Бозиҳои ҷаҳонии аспдавонӣ II аз 3 то 8 сентябри соли равон дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG