Ссылки доступа

Отамбоев дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ иштирок мекунад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ, ки 13 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА оғоз мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ҷузъиёти ин масъала дар мулоқоти Отамбоев бо Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷӣ ва Сапар Исоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон баррасӣ гардидааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, ҳамчунин зимни ин мулоқот дар бораи омодагӣ ба саммити раҳбарони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Бишкек ва вохурии меҳмонони олиқадри Бозиҳои аспдавонӣ маълумот дода шуд.

Отамбоев омодагии хуб дидан ба чорабиниҳои дарпешистодаро муҳим хонда, дар робита ба рушди самтҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон ба ВКХ-и кишвараш як қатор дастурҳо додааст.

XS
SM
MD
LG