Ссылки доступа

Боздошти раиси Кумитаи олимпии Аврупо дар Рио-де-Жанейро


Патрик Хикки, раиси Кумитаи олимпии Аврупо, узви Шӯрои иҷроияи Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ (КБО) ва президенти Кумитаи миллии Олимпии Ирландияро пулиси Бразилия бо гумони даст доштан дар паҳни ғайриқонунии чиптаи Бозиҳои Олимпӣ дар Рио-де-Жанейро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои ESPN, ин боздошт дар робита ба шабакаи бузурги ғайриқонунии фурӯши чиптаҳо барои чорабинии маъруфи варзишӣ сурат гирифтааст. Ҳамчунин се тан аз афроди наздик ба Хикки низ дастгир шудаанд.

Қаблан додгоҳ дастур дод, чаҳор мудири ширкати "THG"-и Ирландияро, ки ҳангоми баргузории Бозиҳои Олимпии соли 2012 шарики Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ буд, дастгир карда шаванд. Миёни боздоштшудаҳо миллионери англис Мартин Стадд ва соҳиби ширкати THG Маркус Эванс ҳам ҳастанд.

Ҳангоми кофтукоб дар Ирландия ва Бразилия далелҳои ғайриқонунӣ паҳн шудани билетҳо аз сӯи аъзои шабака пайдо гардидааст.

XS
SM
MD
LG