Ссылки доступа

Президент афви 12 ҳазор нафарро пешниҳод кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон лоиҳаи афви дастаҷамъиро, ки нисбати беш аз 12 ҳазор нафар иҷро мешавад, ба порлумони кишвар фиристод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент, бар пояи ин қонун зиёда аз 3 ҳазор маҳбус озод ва 4 ҳазор нафар, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, афв шуда, парвандаи ҷиноии 5 ҳазор тани дигар, ки тафтиш мешавад, лағв мегардад. Ҳукми зиндони теъдоди зиёди дигар низ кам карда хоҳад шуд.

Занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои якум, дувум ва севум, беморони гирифтори саратон, беморони дил, сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони рафъи паёмади фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил, афроде, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз гурӯҳи афроде ҳастанд, ки нисбаташон қонуни афв иҷро мегардад.

Бар пояи тарҳи қонуни мазкур онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои "муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат" содир кардаанд, афв намешаванд.

Ин афви дастаҷамъӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мешавад, пешниҳод гардидааст. Тавре интизор меравад, вакилони порлумон аз ин пешниҳоди президент ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG