Ссылки доступа

Манбаъ: Зарафо Раҳмониро афв мекунанд


Як манбаъ аз Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, узви зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Зарафо Раҳмонӣ дар сурати қабули қонуни афв озод хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонуни афвро президенти Тоҷикистон 17 августи соли равон барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кард. Ин пешниҳод бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифта, бар пояи он гуноҳи 12 ҳазор шаҳрванд афв карда мешавад.

"Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, ба ҷуз ин соҳиби чаҳор фарзанди ноболиғ аст. Аз ин рӯ, нисбати вай қонуни афв иҷро мешавад", - афзуд манбаъ.

Зарафо Раҳмонӣ, ки ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ кор мекард, соли гузашта боздошт шуда буд. Мақомот вай ва 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ба ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли 2015 айбдор карданд.

Моҳи июни соли равон ҳамаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Раҳмонӣ ягона зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG