Ссылки доступа

Разоқов: милисаи ӯзбек барои убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт шуд


Милисаи ӯзбек барои убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт шудааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ноиб-сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов.

Ба гуфтаи вай, ҳангоми боздошт милисаи ӯзбек ҳамроҳаш силоҳ доштааст. Разоқов мегӯяд, обанбори Орто-Токой дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст, на дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон.

"Милисаҳои ӯзбек минтақаи тақсими обро дар обанбор ҳифз мекунанд, назорати қисмати боқимондаро мақомоти қудратии Қирғизистон дар ихтиёр доранд", - меафзояд Разоқов.

Пештар аз ин расонаҳои ӯзбекӣ навиштанд, ки 13 август нерӯҳои вижаи "Ақраб"-и қирғиз ба обанбори Орто-Токойи ноҳияи Ала-Букин омада, даъво кардаанд, ки онҷо ҳудуди Қирғизистон аст.

Нерӯҳои "Ақраб"-ро нагузоштанд, ки ба ҳудуди обанбор бигзаранд ва ин замон яке аз низомиён ба хотири тарс додани милисаҳои ӯзбек тир холӣ кардааст. Расонаҳои Ӯзбекистон ҳамчунин навиштанд, ки яке аз милисаҳо боздошт ва ба Қирғизистон интиқол дода шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон 12 иншооти инфрасохториро, ки замони шӯравӣ дар истифодаи Ӯзбекистон буданд, ба ихтиёри худ баргардонд. Дар ин рӯйхат обанбори Орто-Токойи ноҳияи Ала-Букин ҳам шомил мешавад.

XS
SM
MD
LG