Ссылки доступа

Корхонаи марбут ба вакили пешин дар қочоқи мол гумонбар мешавад


Нисбати корхонаи "Мадина-текстил", ки ба вакили пешини порлумони Қирғизистон марбут аст, бо гумони қочоқи мол аз Чин парванда, боз шудааст.

Хадамоти гумруки Қирғизистон пештар аз ин хабар дода буд, ки як мошини борбар ҳангоми ворид шудан ба минтақаи озоди иқтисодии "Бишкек" боздошт шудааст. Бар асоси ҳуҷҷатҳо, дар ин мошин гӯё матоъ ва таҷҳизоти дузандагӣ ҳамл мешуд. Аммо ҳангоми тафтиш дар ҳаҷми 1 миллион доллар либоси омодашуда пайдо гардидааст. Аз рӯи ин далел парванда боз шудааст. Ҳамаи ин либосҳо дар Чин омода шудаанд.

Соҳиби корхонаи "Мадина-текстил" вакили пешини порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал-демократӣ Турсунбой Салимов номида мешавад.

XS
SM
MD
LG