Ссылки доступа

Оташи олимпиро дар Рио-де-Жанейро хомӯш карданд


Дар майдони "Маракана"-и Рио-де-Жанейро расми анҷоми Бозиҳои олимпии XXXI баргузор шуд. "Бозиҳоро пӯшида эълон мекунам", - гуфт раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах.

Гузашти варзишгарон, ки дар он намояндаҳои 207 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, бо салют ва тарфбозӣ ба поён расид. Шаҳрдори Рио-де-Жанейро Эдуардо Паэс парчами олимпиро ба раиси шаҳри Токио Юрико Коикэ супорид. Бозиҳои навбатии олимпӣ дар пойтахти Ҷопон соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Дар поёни маросим оташи олимпӣ бо тантана хомӯш карда шуда, баъдан карнавал оғоз гардид.

Барандаи бозиҳои имсолаи олимпӣ варзишагрони ИМА эълон шуданд. Дастаи мунтахаби олимпии Амрико дар Рио-де-Жанейро тавонист, ҷамъан 121 медал, аз ҷумла 46 тило ба даст оранд. Панҷтоашон ба шиновар Майкл Фелпс, ки баъди пирӯзияш дар Рио қаҳрамони 23-каратаи олимпӣ шуд, тааллуқ дорад. Дар мақоми дувум варзишгарони Бритониё бо 27 медали тило, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ меистанд. Мақоми севум насиби варзишгарони чинӣ шуд, ки тавонистанд 26 медали тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ ба даст оранд. Русия дар феҳристи ғайрирасмии Бозиҳои олимпӣ бо 56 медал, аз ҷумла 19 тило, 1 нуқра ва 19 биринҷӣ дар мақоми чаҳорум қарор гирифт.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ имсол аз 5 то 21 август дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо иштироки беш аз 11 ҳазор варзишгар баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG