Ссылки доступа

Эрон системаи нави зиддимушакиашро муаррифӣ кард


Эрон маҷмуаи нахустини зиддимушакии дурпарвозашро муаррифӣ кард. Рӯзи якшанбе чанде аз расонаҳои эронӣ акси президенти ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ ва вазири мудофиаи Эрон Ҳусайн Деҳгонро дар пасманзари системаи зиддимушакии "Бовар-373" нашр карданд.

Ҳасани Руҳонӣ аз корхонаи тавлиди системаи зиддимушакӣ дидан кардааст. Вазири мудофиаи Эрон гуфтааст, "Бовар-373" қодир аст мушакҳои болдор, дастгоҳҳои бесарнишин, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва мушакҳои баллистикиро ҳадаф қарор диҳад.

Руҳонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки буҷаи мудофиаи Эрон нисбати соли гузашта ду мартaба афзоиш ёфтааст. Вай афзудааст, Эрон бо ҳузур доштан сари мизи музокирот "ягона ва пурқудрат" боқӣ мондааст. Президенти Эрон 21 август ҳамчунин муҳаррики нахустини реактивии истеҳсоли ин кишварро муаррифӣ кард.

XS
SM
MD
LG