Ссылки доступа

Украина пайгарди ҷиноии Шойгу ва 17 мансабдори русро сар кард


Додситонии кулли Украина Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва 17 тан аз мансабдорони баландпояи дигари Русияро бо гумони содир кардани ҷиноятҳои вазнин зидди сулҳу субот, амнияти миллату давлати кишвараш дар кофтукоб қарор дод.

Юрий Лутсенко, додситони кулли Украина зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ин мансабдорони рус сабабгори ҳалокати беш аз ду ҳазор одам, захмӣ шудани на камтар аз 8 ҳазор низомии украинӣ ва нобуд гардидани техника ва молу мулк дар ҳаҷми наздики 50 миллиард доллари ИМА шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ниҳоди таҳти раҳбарияш гумонбарии Владимир Путин, президент ва Дмитрий Медведев, сарвазири Русияро низ меомӯзад.

Лутсенко ҳамчунин сабти гуфтугӯи телефонии Сергей Глазев, мушовири президенти Русия ва Константин Затулин, вакили Думаи давлатиро, ки низ дар кофтукобанд, нашр намуд. Мансабдорони рус зимни ин гуфтугӯ ташкил ва маблағгузории бетартибиҳои оммавӣ дар Одесса ва Харковро баррасӣ менамоянд.

Намояндагони тафтишот мегӯяд, ташхис исбот намудааст, ки садоҳои дар навор буда ба Глазев ва Затулин тааллуқ доранд. Лутсенко афзуд, то ҳол 39 шаҳрванди Русия бо гумони афрӯхтани оташи ҷанг зидди Украина ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Донбасс аз баҳори соли 2014, дақиқтараш баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия шоҳиди задухурдҳои мусаллаҳона аст. Киев ва Ғарб Москваро дар он айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон кумаки низомӣ мекунад. Аммо Кремл ин айбро рад менамояд.

XS
SM
MD
LG