Ссылки доступа

Роҳбарони Олмон, Фаронса ва Италия мушкилоти ИА-ро баррасӣ карданд


Роҳбарони Олмон, Фаронса ва Италия 22 август дар ҷазираи Вентотени наздикии Неапол мулоқот карданд. Ангела Меркел - садри аъзами Олмон, Франсуа Олланд - президенти Фаронса ва Маттео Рентси - сарвазири Италия густариши "аврупоҳаросӣ" дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (ИА), мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳоҷират ва иқтисодиётро баррасӣ карданд.

Роҳбарони ин се кишвар баъди дидор бо рӯзноманигорон суҳбат карданд. Франсуи Олланд гуфтааст, ки Аврупо зидди миллатгароӣ бояд "дар муттаҳидӣ" мубориза барад.

Меттео Рентси назарашро дар бораи ИА баъди хуруҷи Бритониё аз ин созмон баён доштааст. Ба гуфтаи вай, бояд ба масоили мудофиа, амният ва рушди иқтисодӣ, ба вижа ба мушкилоти бекории ҷавонон, эътибори махсус дод.

Ҷазираи Вентотен дар робита ба аҳамияти таърихияш барои мулоқоти роҳбароин се кишвар интихоб шудааст. Рушанфирони итолиёӣ Алтери Спинелли ва Эрнесто Росси, ки дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз сӯи диктатор Беннито Муссолини ба ин ҷазира фиристода шуданд, ҳуҷҷатеро иншо карданд, ки баъдтар бо номи Манифест Вентонте машҳур шуд.

Матни ин ҳуҷҷат миёни ширкатдорони ҳаракати итолиёии зиддифашистӣ паҳн шуд ва барномаи Ҳаракати федеративии Аврупоро ташкил дод. Муаллифони манифест даъват карда буданд, ки кишварҳои Аврупо дар шакли федератсия муттаҳид шаванд, то ин ки дар оянда пеши роҳи низоъҳои ҳарбӣ гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG