Ссылки доступа

Исрори Ӯзбекистон барои рафтани милисаҳои қирғиз аз атрофи Орто-Токой


Ӯзбекистон ҳанӯз ҳам талаб дорад, ки назоратгоҳҳои пулиси қирғиз аз атрофи обанбори Орто-Токой, воқеъ дар ноҳияи Ала-Букаи Қирғизистон бардошта шаванд.

Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон (ХДМҚ) иттилоъ додааст.

Қаблан миёни Абдукарим Олимбоев, раиси ХДМҚ ва Рустам Имонҷонов, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифта буд. Зимни ин гуфтушунид ҷонибҳо омодагияшонро барои ба эътидол овардани вазъ баён карданд.

Ҷониби Тошканд дар гуфтушуниди 22 август аз Бишкек талаб кард, назоратгоҳҳои пулисро аз атрофи обанбори Орто-Токой бардорад ва милисаи ӯзбекро, ки бо гумони убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон дастгир шудааст, раҳо кунад. Корманди РКД вилояти Намангони Ӯзбекистон бо қарори додгоҳ 20 ҳазор сом (муодили тақрибан 2 ҳазор сомонӣ) ҷарима ва аз Қирғизистон ихроҷ карда шуд.

Ҷониби Бишкек низ дар навбати худ аз Тошканд талаб дорад, ки сабаби ҷойгиршавии милисаҳои ӯзбек дар куҳи Унгар-Тооро шарҳ диҳаду онҳоро зуд аз ин қитъаи баҳсии марзи Қирғизистону Ӯзбекистон бардорад.

Ҳукумати Қирғизистон 12 иншооти инфрасохториро, ки аз замони шӯравӣ инҷониб ба нафъи Ӯзбекистон истифода мешуданд, дубора ба ҳисоби худ даровард. Миёни ин 12 иншоот обанбори Орто-Токой ҳам ҳаст. Жениш Разоқов, муовини сарвазири Қирғизистон гуфта буд, истгоҳи тақсимоти обро милисаҳои ӯзбек ва боқии обанборро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш нигаҳбонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG