Ссылки доступа

Туркманистон ба низоми 10-солаи таҳсил бармегардад


То оғози соли нави таҳсил камтар аз 10 рӯзи дигар боқӣ монд, аммо омӯзгорони синфҳои болоии мактабҳои Туркманистон дастур гирифтаанд, ки ҳанӯз нақшаи таҳсилро тартиб надиҳанд. Шуъбаҳои халқии таҳсилот дар вилоятҳои Туркманистон ба омӯзгорон машварат додаанд, ки то 26 август мунтазир бошанд.

Дар ибтидои соли 2013 президенти ин кишвар фармон "Дар бораи такмили низоми таҳсилоти Туркманистон"-ро имзо кард ва ҳамзамон Консепсияи гузаштан ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул шуда буд. Шуруъ аз сентябри соли 2013 кӯдакон дар низоми нав таҳсилро шуруъ карданд.

Тибқи хабарҳои мавҷуда, давоми ду соли охир мақомоти қудратии Туркманистон аз президент хоҳиш кардаанд, ки низоми таҳсилоти 10-сола ба мактабҳо баргардонида шавад. Бисёре аз ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд, тибқи низоми нав ҳанӯз мактабро хатм накардаанд, ки ба ин далел нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ иҷро нашудааст. Ноамнии рӯзафзун дар марзи Туркманистон бо Афғонистон бошад, афзоиши шумори нерӯҳои ҳарбиро талаб мекунад.

Акнун бо ҳамин дархост бахши моливу иқтисодии ҳукумат ба президент муроҷиат кардааст. Пештар аз ин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти он кишвар аз ин бахш талаб карда буд, ки дар робита ба вазъи буҳронӣ, харҷҳои давлатиро кам кунанд.

Ҳоло навбат ба вазорати маориф расидааст. Ҳоло дар бораи зиёд кардани сафи омӯзгорон маълумоте дар даст нест, аммо кам кардани соатҳои дарсӣ дар робита ба кам шудани вақти умумии таҳсилот, мумкин аст буҷаи ин кишварро камхарҷтар кунад.

Агар қарор дар бораи баргаштан ба низоми 10-солаи таҳсил қабул шавад, пас ба эҳтимоли зиёд хонандагони синфҳои болоӣ курсҳои махсусро фаро мегиранд ва ба ҳар сурат 12 сол таҳсил хоҳанд кард. Дар Туркманистон ҳамасола то 100 ҳазор хонанда мактаби миёнаро хатм мекунад.

XS
SM
MD
LG