Ссылки доступа

Қирғизистон барои пардохти қарзи давлатӣ 20 миллиард сом ҷудо мекунад


Дар ин бора вазири молияи Қирғизистон Одилбек Қосималиев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар лоиҳаи буҷаи 2017-и Қирғизистон 20,1 миллиард сом (муодили тақрибан 2 миллиард сомонӣ) барои пардохти қарзҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

"Аз ин шумор 11 миллиард сом барои пардохти қарзҳои хориҷӣ ва 9 миллиарди дигар барои пардохти қарзҳои дохилӣ равона хоҳад шуд. Соли оянда ин маблағ афзоиш хоҳад ёфт - аз ҳисоби буҷаи соли 2018 барои пардохти қарзи давлатӣ 26,9 миллиард сом ҷудо хоҳад шуд", - афзудааст Қосималиев.

Бино бар пешинии ҳукумати он кишвар, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон 2,9 фоиз боло рафта, сатҳи норасоии буҷа 23 миллиард сомро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG