Ссылки доступа

Назарбоев ба Лаҳистон пешниҳод кард, ки бо Русия шартномаи нақлиётӣ бандад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон зимни суханронӣ дар форуми тиҷоратии Қазоқистону Лаҳистон, ки дар Варшава баргузор мешавад, пешниҳод кард, то миёни Қазоқистон, Лаҳистон ва Русия дар бахши нақлиёт ва истифодаи роҳи Қафқоз шартномаи сеҷониба баста шавад, хабар медиҳанд расонаҳо.

"Ҳамкории иқтисодии Лаҳистону Қазоқистон дар як масъала - нақлиёт - гиреҳ хурдааст. Он ҳам масъала ин аст, ки чӣ гуна аз Лаҳистон ба Қазоқистон рафт ва аз онҷо баргашт. Иртибоит анъанавӣ: тавассути Русия аст", - гуфтааст Назарбоев.

Вай ба президенти Лаҳистон Анҷей Дуда пешниҳод кардааст, ки дар якҷоягӣ ба Русия муроҷиат намоянд, то "созишномаи сеҷониба ҳадди ақал дар бахши нақлиёт қабул шавад".

Президенти Қазоқистон барои ширкат дар форуми тиҷоратӣ бо сафари расмии ду рӯза вориди Лаҳистон шудааст.

XS
SM
MD
LG