Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов раиси кумитаи варзишашро танқид кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси кумитаи варзиши кишварашро ба хотири натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби Туркманистон дар бозиҳои Олимпии Рио танқид кард.

"Ноумедворкунанда аст, ки шумо ҳатто бо вуҷуди муҳайё будани ҳамаи шароит эътимоди мардумро бароварда накардед", - гуфтааст Бердимуҳаммадов дар муроҷиати телевизионии худ ба раиси кумитаи варзиши он кишвар Какабой Сайидов.

Ҳеч кадом аз нуҳ варзишгарри туркман дар Олимпиада ба давраҳои ниҳоӣ роҳхат нагирифтанд. Ин кишвар то кунун соҳиби медали Олимпӣ нашудааст.

Бердимуҳаммадов афзудааст, Сайидов натавонист, ки ҳайсияти варзишии Туркманистонро боло барад. Бердимуҳаммадов ҳамчунин Сайидовро огоҳ кард, ки дар сурати рафъ нашудани камбудиҳо аз мақом барканор мешавад.

Соли 2012 президенти Туркманистон баъди анҷоми бозиҳои Олимпии Лондон раиси вақти кумитаи варзишро ба далели бе медал мондани мунтахаби кишвараш аз вазифа сабукдӯш карда буд.

XS
SM
MD
LG