Ссылки доступа

Ҳамсар ва писари Маҳмадалии Ҳаит нопадид шудаанд


Наздикони Маҳмадалии Ҳаит, муовини маҳкум ба ҳабси абади раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, 22 августи соли равон афроди ношинос ҳамсару писари 17-солаи ӯро бо худ бурдаанд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.

“Онҳо чанд нафар бо либоси мулкӣ буданд ва нагуфтанд, ки киҳоянд ва ҳатто худро муаррифӣ накарданд", - изҳор медоранд наздикони муовини раиси ҲНИТ.

Онҳоро вазъи саломатии яке аз фарзандони Ҳаит нигарон карда, ки бемор аст ва ба муроқибати модараш сахт ниёз дорад.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ хабар пахш карданд, ки гӯё Маҳмадалии Ҳаит ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад ва дар натиҷаи шиканҷа вазъи саломатиаш бад шудааст.

Дар пайи ин овозаҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит иҷозат дод, ки бо ҳамсараш мулоқот кунад. "Шукри Худо хуб аст. Овозаҳо ҳақиқат надоштаанд ва ҷои нигаронӣ ҳам нест", - гуфт Ҷураева баъди мулоқот бо ҳамсараш.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG