Ссылки доступа

Украина як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони узвият дар ДИ боздошт кард


Украина мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гумони узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) кофтукоб мешуд, боздошт кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Киеви вилояти Харкови Украина бо дархости додситонии ин вилоят қарори ҳабси шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро, ки гӯиё бо гумони узвият дар ДИ таҳти пайгарди пулиси байнулмилалӣ ё худ Интерпол буд, содир кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии додситонии Харков, шаҳрванди Тоҷикистон бо қарори додгоҳ ба муҳлати 40 шабонрӯз ҳабс шудааст.

Максим Белоусенко, сардори шуъбаи ҳамкории байнулмилалии додситонии Харков гуфтааст, ин муҳлат барои дарёфти дархости истирдод аз сӯи мақомоти Тоҷикистон лозим буд.

Бар пояи иттилои муфаттишон, шаҳрванди Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 ба Русия муҳоҷир шудааст. Моҳи январи соли равон аз ин кишвар тариқии Туркия ба Сурия рафта, дар онҷо ба ДИ пайвастааст.

Бино ба хабарҳо, мақомоти Тоҷикистон вайро бар пояи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии кишвар (зархаридӣ) айбдор медонанд.

XS
SM
MD
LG