Ссылки доступа

Ошпазҳои ӯзбек барои надодани ришва қариб буд аз Русия ихроҷ шаванд


Панҷ шаҳрванди Ӯзбекистон тасдиқ мекунанд, ки ахиран онҳоро кормандони пулис ва додгоҳи ноҳияи Митинои шаҳри Москва таҳқир кардаанд.

Созмони байнулмилалии ғайритиҷории "Тонг Ҷахонӣ" ҳоло ин муҳоҷирони ӯзбекро, ки нахостаанд ришва диҳанд, зери ҳимояташ гирифтааст.

Тавре яке аз ин шаҳрвандони Ӯзбекистон ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбеи гузашта нозири минтақавие ғайриинтизор ба маҳалли корашон ҳозир шуда, бидуни муаррифӣ ба тафтиши ҳуҷҷатҳои онҳо пардохтааст.

Вай баъди тафтиши ҳуҷҷатҳову пайдо нашудани қонуншикание аз муҳоҷирон ошкоро ришва талаб карда, ки ҷавоби рад гирифтааст. Дар натиҷа 5 шаҳрванди Ӯзбекистонро ба шуъбаи пулиси ноҳияи Митино бурдааст.

Дар шуъбаи пулис ин муҳоҷирони кории ӯзбек бидуни қайд ва бе ягон асос дар утоқи 309 беш аз якшабонарӯз нигаҳдорӣ шудаанд. Ҳамчунин навбатдори шуъба низ аз боздошти бе асос ва интиқоли ин муҳоҷирон ба шуъба огаҳ карда нашудааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, ҳангоми нигаҳдории ғайриқонунӣ ба онҳо ғизо низ надодаанд ва танҳо дар якуним рӯз ду бор барои рафтан ба ҳоҷатхона иҷозат гирифтаанд. Субҳи рӯзи душанбе ин панҷ муҳоҷири ӯзбек ба додгоҳи ноҳияи Тушин ҳозир карда шудаанд.

Яке аз соҳибони қаҳвахонае, ки муҳоҷирони ӯзбек дар он ҷо ба ҳайси ошпаз кор мекарданд, аз созмони байнулмилалии ғайритиҷории "Тонг Ҷаҳонӣ" кумак хостааст. Дар натиҷа раиси созмон Валентина Чупик ба додгоҳи Тушин ҳозир шуда, додрасро аз муносибати ғайриқонунии кормандони пулис нисбат ба муҳоҷирони кории ӯзбек ҳушдор додааст.

"Ба ин ҳама таҳқирҳо нигоҳ накарда, додрас муҳоҷиронро ба толори додгоҳ дохил кард ва ба қироати ҳукми ихроҷашон аз Русия пардохт. Аммо баъди он ки ба Андрей Бабушкин, ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия занг задам, муҳоҷирони ӯзбекро ҷавоб доданд", - мегӯяд Чупкин.

XS
SM
MD
LG