Ссылки доступа

Пхенян партоби мушаки болдорро аз киштии зериобӣ озмоиш кард


Куриёи Шимолӣ рӯзи чаҳоршанбе мушаки болдорро, ки дар киштиҳои зериобӣ насб гардидааст, озмоиш кард.

Мушак ба самти Ҷопон аз киштии Куриёи Шимолӣ, ки дар соҳили шарқии он кишвар ҷойгир аст, партоб шудааст.

Ба иттилои фармондеҳии ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ, мушаки мазкур наздики 500 километр парвоз карда, баъдан ба об афтидааст. Ин озмоиш аз дастовардҳои Куриёи Шимолӣ дар коркарди мушакҳое, ки дар киштиҳои зериобӣ насб мешаванд, даракат медиҳад, гуфтаанд намояндагони Куриёи Ҷанубӣ дар суҳбат бо хабаргузории Reuters.

Дар ду озмоиши қаблӣ мушакҳо тақрибан баъди партоб шудан зуд ба об афтида буданд.

Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон партоби мушакро маҳкум карданд. Синдзо Абэ, сарвазири Ҷопон гуфт, амалҳои Куриёи Шимолӣ ба амнияти кишвараш хатар эҷод мекунанд. Озмоишҳои мазкур хилофи талаботи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст, ки сохтани мушакҳои болдорро барои Пхенянро манъ кардааст.

Ду рӯз пеш ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ тамринҳои муштараки низомии солонаи худро оғоз карданд, ки Куриёи Шимолӣ онро ҳамчун омодагӣ ба ҷанг маҳкум кард. Пхенян дар номааш ба унвони Шӯрои амнияти СММ гуфт, ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ барои анҷоми зарбаи ядроӣ зидди Куриёи Шимолӣ омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG