Ссылки доступа

Байден ҳимояти дигарбораи ИМА-ро аз кишварҳои узви НАТО эълон кард


Ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден ҳукуматҳои кишварҳои назди Балтикро мутмаин кард, ки Вашингтон ҳамаи уҳдадориҳояшро дар мавриди ҳифзи шариконаш, дар доираи НАТО, ба иҷро хоҳад расонид. Байден 23 август дар ин бора дар Рига суханронӣ кард.

Вай аз Эстония, Лативия ва Литва даъват кард, ки изҳороти номзад ба мақоми президентии ИМА-ро аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон "ҷиддӣ напазиранд". Доналд Трамп ахиран гуфта буд, ки дар сурати президенти ИМА интихоб шуданаш аз уҳдадориҳои кишвараш - ҳимояи давлатҳои узви НАТО ҳангоми хатар ё ҳамлаи хориҷӣ худдорӣ меварзад.

Моҳи июл роҳбарони кишварҳои узви НАТО ба созиш расиданд, ки дар кишварҳои соҳили Балтик ва шарқи Лаҳистон нерӯҳои низомӣ ҷойгир созанд назорати ҳавоиву баҳриҳо пурзур кунанд. Ба ин тартиб иттифоқчиён ҳимояти худро аз кишварҳое, ки бо Русия ҳаммарз ҳастанд ва аз густариши нерӯи низомии Русия хавф доранд, эълон намуданд.

XS
SM
MD
LG