Ссылки доступа

Баррасии парвандаи аъзои "Порлумони мардумӣ" дар Бишкек


Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек имрӯз баррасии парвандаи аъзои "Порлумони мардумӣ", ҳаракати мухолифи Қирғизистонро, ки дар кӯшиши ғасби ҳукумат гумонбаранд, оғоз мекунад.

Дар доираи ин парванда 5 узви "Порлумони мардумӣ" - Бекболот Талгарбеков, Торобой Колубоев, Марат Султонов, Александр Гусев ва Тойгонбек Колматов айбдор мешаванд. Тавре Расул Умбеталиев, узви ҳаракати мазкур мегӯяд, мурофиа пушти дарҳои баста сурат мегирад.

"Ҳаракати мо танҳо талаб дорад, ки президент ихтиёран истеъфо диҳад. Мо аз болои деворҳо ҷаҳида, бетартибиҳои оммавӣ созмон надодаем. Аъзои ҳаракатро танҳо барои ҳамин талаб дастгир кардаанд", - мегӯяд Расул Умбеталиев.

Раҳбар ва 4 узви "Порлумони мардумӣ"-ро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизиятон 12 майи соли равон дастгир кард. Ин боздошт замоне сурат гирифт, ки онҳо гуфтанд, қасд доранд дар шаҳри Бишкек тазоҳуроти дастаҷамъиеро ташкил ва истеъфои президент Алмосбек Отамбоевро талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG