Ссылки доступа

Ӯзбекистон минтақаи баҳсӣ дар Унгар-Тооро замини худ медонад


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, ҳузури 4 шаҳрванди Қирғизистон, кормандони истгоҳи фиристандаҳо дар куҳи Унгар-Тоо ғайриқонунӣ буд. Ҳоло Тошканд ин минтақаи баҳсии марзиро замини худ эълон кардааст.

Расонаҳои ӯзбекӣ бо истинод ба ВКД Ӯзбекистон навиштаанд, ки шаҳрвандони дастгиршудаи Қирғизистон дар Унгар-Тоо бар пояи қонунҳои ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, 4 корманди истгоҳи фиристандаҳо дар яке аз боздоштгоҳҳои Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешаванд. 22 августи соли равон милисаҳои ӯзбек тавассути чархбол ба куҳи Урган-Тоо омада, кормандони истгоҳро дастгир карданд. Ҷониби Ӯзбекистон гуфт, онҳо барои анҷоми як иқдоми тартиботӣ боздошт шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ахиран хабар дод, ин ниҳод талош дорад, то кормандони истгоҳи фиристандаҳои "Кербен" Абдумиталиб Урмонов, Урмат Бердалиев, Жениш Тошматов ва Нурбек Усупбоевро баргардонад. Феълан дар сатҳи хадамоти диломатӣ гуфтушунидҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG