Ссылки доступа

Олмон, Фаронса ва Лаҳистон мехоҳанд, барои ҳалли низоъи Донбасс талоши бештар шавад


Вазирони корҳои хориҷии Олмон, Фаронса ва Лаҳистон ба ин қарор расиданд, ки барои ҳалли низоъи Украина бояд талоши бештари байналхалқӣ харҷ шавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер 28 август баъди музокирот бо ҳамтоёнаш аз Фаронсаву Лаҳистон хабар додааст.

Ба гуфтаи Штайнмайер, дар ҳоли ҳозир барои иҷрои созишномаи Минск ҳич пешравии чашмрасе дида намешавад.

Вазири корҳои хориҷии Олмон афзудааст, ки намояндагони Ғарб ҳам бо Киев ва ҳам бо Москва дар мавриди иҷрои ҳамаи бандҳои созишномаи Минск, аз ҷумла баргузории интихоботи маҳаллӣ дар ҳудудҳои ғасбшудаи Донбасс, гуфтугӯ кардаанд.

Низоъи мусаллаҳона дар Украина аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ идома дорад. Мақомоти Украина мегӯянд, дар Донбасс зидди ҷудоихоҳони русиягаро амалиёт мегузаронанд.

Ба иттилои СММ, аз оғози низоъҳои шарқи Украина 9,4 ҳазор одам кушта шуда, 21 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG