Ссылки доступа

Дар Қазоқистон иштирокчии низоъҳои Украинаро меҷӯянд


Додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон қарори ҷустуҷӯи судшаванда Максим Ермолов, иштирокчии эҳтимолии ҷангҳои шарқи Украинаро содир кард. Муҳокимаи додгоҳии парвандаи мазкур бори дувум аст, ки ба таъхир меафтад.

Ба иттилои додгоҳ, Максим Ермолов, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт, ҳанӯз 15 август дар бораи шуруъи муҳокимаи парвандааш хабардор шуда буд. Муҳокимаи вай мебоист 22 август сурат гирад, аммо худи судшаванда ба додгоҳ ҳозир нашуд.

Тибқи қарори додгоҳ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон мебоист ӯро маҷбуран ба додгоҳ ҳозир кунанд, аммо Максим Ермолов дар маҳалли истиқоматаш пайдо нашудааст. Модари Ермолов мегӯяд, писарашро бори охир 18 август дидааст.

Максим Ермолов бар асоси моддаи "Ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ" айбдор мешавад.

Тибқи иттилои додгоҳ, вай аз сентбяри соли 2014 то феврали соли 2015 дар ҳайати ҷудоихоҳони русиягаро дар ҷангҳои шарқи Украина ширкат кардааст. Ермолов моҳи феврали соли 2015 "барои ҳалли масъалаҳои шахсиаш" ба Қазоқистон омад, аммо боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG