Ссылки доступа

Эрдуғон: амалиёти мо дар Сурия идома меёбад


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия мегӯяд, то замоне, ки гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ва ҷудоихоҳони курд ба шаҳрвандони кишвараш "хатар эҷод мекунанд", амалиёти низомии Анқара дар Сурия идома хоҳад кард.

Қаблан ИМА задухурди нерӯҳои турк бо ҷангиёни курдро дар шимоли Сурия ғайриқобили қабул хонда буд. Пентагон гуфт, амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳое, ки тундравони ДИ ҳузур надоранд, "мояи нигаронии амиқ аст".

Тавре Кохи сафед иттилоъ медиҳад, Барак Обама, президенти ИМА ин масъаларо бо ҳамтои туркаш 4 сентябри соли равон пеш аз саммити "Бистгонаи бузург" баррасӣ хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Туркия марзи Сурияро убур карда, бо гуруҳҳои курд, ки Анқара онҳоро террорист мехонад, ҷангиданд. Низомиёни турк бо шӯришгарони Артиши озоди Сурия ДИ-ро аз шаҳри Ҷароблус берун карда, мавзеъҳои Нерӯҳои демократии Сурияро тирборон менамоянд.

XS
SM
MD
LG