Ссылки доступа

Меркел: Ашқобод розӣ шуд, то имкони дастрасӣ ба зиндонҳояшро баррасӣ кунад


Ашқобод розӣ шуд, то имкони роҳ ёфтани дипломатҳои хориҷӣ ба зиндонҳои Туркманистонро баррасӣ кунад. Ин нуктаро Ангела Меркел, садри аъзами Олмон зимни як нишастии хабарии муштарак бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар Берлин баён кардааст.

"Мо дар бораи майли дипломатҳо ба дарёфти иҷозаи боздид аз маҳбасҳои Туркманистон суҳбат кардем. Президент ваъда дод, ки вазирони корҳои хориҷӣ дар ин масъала суҳбат мекунанд ва баъдан дипломатҳои хориҷӣ метавонанд аз зиндонҳо боздид карда, вазъро баҳо диҳанд", - иҳзор доштааст Меркел.

Созмони ҳуқуқи инсони Human Rights Watch аз Берлин даъват карда буд, ки масъалаи ба таври махфӣ зиндонӣ кардани мухолифони сиёсӣ, раҳоии рӯзноманигори маъруф ва даст кашидан аз таҷрибаи манъи худсаронаи сафари шаҳрвандон ба хориҷ дар Туркманистонро бо Бердимуҳаммадов ошкоро баррасӣ кунад.

Президенти Туркманистон низ дар навбати худ гуфтааст, Ашқобод тасмим дорад, ки ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карда, мақоми ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар таъсис диҳад. Вай афзудааст, ки кишвараш дорои захираи бузурги газ буда, ҳоло имкониятҳои афзоиши содироти онро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Ашқобод кайҳо пешниҳоди худро дар ин бора ба комиссияи Аврупо ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG