Ссылки доступа

Бештар аз сад паролимпии Русия мехоҳанд дар бозиҳо Рио ширкат кунанд


Бештар аз сад варзишгари Русия барои ширкат дар Бозиҳои паролимпии Рио-де-Жанейро дархостҳои инфироди фиристодаад. Дар ин бора Кумитаи паролимпии Русия хабар медиҳад.

Хабаргузории ТАСС низ иттилоъ дод, ки 33 варзишгари паролимпии Русия, аз ҷумла шаш варзишгари сабук, ба Кумитаи байналхалқии паролимпӣ дархост фиристодаанд.

Кумитаи байналхалқии паролимпӣ 7 август тасмим гирифт, ки ба далели ҷанҷоли допингӣ дар варзиши Русия паролимпиҳои ин кишварро ба бозиҳои Рио роҳ надиҳад. Русия ин қарорро ба додгоҳ бурд, аммо додгоҳи арбитражии Лозанне (CAS) даъворо рад кард. Баъди ин ҳомиёни ҳуқуқи Русия Кумитаи байналхалқии паролимпиро дар вайрон кардани ҳуқуқи бештар аз 200 варзишгари Русия айбдор сохтанд.

XS
SM
MD
LG