Ссылки доступа

Қирғизистон 25-солагии истиқлолияташро ҷашн мегирад


Дар Қирғизистон имрӯз 25-солагии истиқлолияти ин кишвар таҷлил мешавад. Бахшида ба истиқлолият паради низомӣ бо иштироки беш аз 1,5 ҳазор сарбозу афсар баргузор шуда, техникаҳои ҳарбию ҳавоӣ низ намоиш дода шуд.

Ҳамчунин субҳи 31 август дар вилояти Ӯш гузашти низомӣ баргузор шудааст.

Рӯзона дар саросари Қирғизистон чорабиниҳои идона доир мешавад ва дар шаҳри Бишкек мусобиқаи аспдавонӣ дар назар аст.

Қирғизистон 31 августи соли 1991 истиқлоли давлатӣ касб кард. Президенти нахустини ин кишвар Аскар Оқоев интихоб шуд, ки баъди 15 соли раҳбарӣ, дар пайи инқилоби соли 2005 ҳукуматашро сарнагун карданд. Худи ҳамон сол Қурмонбек Боқиев президенти дувуми ин кишвар интихоб гардид, ки вай низ баъди 5 сол дар натиҷаи инқилоби соли 2010 маҷбур шуд, аз кишвар фирор кунад.

Рӯзи 27 июни соли 2010 бар пояи натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ Роза Отунбоева, раиси ҳукумати он замон муваққатии Қирғизистон то интихоботи навбатии президентӣ раҳбари ин кишвар интихоб шуд. Аз соли 2011 инҷониб Алмосбек Отамбоев президенти Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG