Ссылки доступа

Як тоҷик дар Русия мехоҳад, набераашро Путин ном гузорад


Як зодаи Тоҷикистони муқими Русия ва мухлиси ашадии президенти ин кишвар тасмим гирифтааст, исми набераи дусолаашро аз Расул ба Путин иваз кунад.

Раҳмон Ҷӯраев, омӯзгори 70-солаи тоҷик, ки 18 сол мешавад дар Русия зиндагӣ мекунад, гуфт, дар нашрияе хонда, ки як мисрӣ номи писарашро Путин гузоштааст.

"Баъдан ман ҳам фикр кардаму тасмим гирифтам, ки номи набераамро ба Путин иваз кунам. Зеро вай ба президенти Русия хеле монанд аст”, - изҳор дошт Ҷураев.

Омӯзгори тоҷик афзуд, набераи ӯ ҳоло ҳамроҳи волидонаш дар шаҳри Александрови вилояти Владимир зиндагӣ мекунанд ва онҳо аллакай ба мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии маҳалли зист барои иваз кардани номи фарзандашон ариза пешниҳод кардаанд.

“Номи падараш Ҷаҳонгир аст, ки ба русӣ “полководец" мешавад. Ман фикр кардам, ки агар номи набераамро Путин монем, Ҷӯраев Путин Ҷаҳонгирович, яъне Ҷӯраев Путин Полководец хоҳад шуд", - илова кард вай.

Баъди он ки оилаи Ҷӯраевҳо барои иваз кардани исми писарашон ба мақомот муроҷиат кардаанд, таваҷҷуҳи расонаҳои Русия ба ин иқдоми онҳо якбора зиёд шудааст. То ҳол аллакай се телевизиони ин кишвар хабарнигорони худро барои суҳбат бо писару набераи Ҷӯраев фиристодаанд.

Ҳамсуҳбати мо мухлиси ашадии Путин буданашро пинҳон намекунад ва ӯро одилтарин президенти ҷаҳон мешуморад. Ҷӯраев гуфт, 12 сол аст дар ҳавлии берун аз шаҳриаш осорхонаи президенти Русияро таъсис ва дару деворашро бо аксу навиштаҳои Путин оро додаст. Вай иқрор мекунад, ки муҳаббати ӯ ба президенти Русия боре сабабгори хонавайрониаш шудааст, аммо ақидаашро дар бораи Путин дигар накардаст.

XS
SM
MD
LG