Ссылки доступа

Ҳомиён: дар остонаи интихобот мухолифони Чеченистон таъқиб мешаванд


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch дар бораи таъқиби мухолифон дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар Чеченистони Русия гузоришеро нашр кард.

Дар ин гузориш, ки номи "Русия: таъқибҳои интихоботӣ дар Чеченистон"-ро дорад, дар бораи сокиноне, ки барои танқиди роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров саркӯб шудаанд, хабар дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ зиёда аз 40 ҳолати боздошт, лату кӯб ва куштори одамонеро, ки ошкоро сиёсати Қодировро танқид мекарданд, мисол меоранд. Аз ҳолатҳои таҳдид, таҳқир ва ба узхоҳии оммавӣ маҷбур кардан низ хабар дода шудааст.

Муҳлати роҳбарии Қодиров моҳи марти соли ҷорӣ ба охир расид. Моҳи июл Қодиров эълон кард, дар нахустин интихоботи мустақими минтақавӣ, ки 18 сентябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG