Ссылки доступа

Сафари ногаҳони сарвазири Ӯзбекистон ба Самарқанд


Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон нимаи дувуми 1 сентябри соли равон ба таври фаврӣ вориди Самарқанд шудааст.

"Тамоми роҳҳоро, аз маркази ситорашиносии Улуғбек то бозори "Сиёб" бастаанд. Ба ин минтақа танҳо одамонеро роҳ медиҳанд, ки онҷо зиндагӣ мекунанд. Худи сарвазири кишвар ҳам инҷост", - гуфт манбаи расмӣ.

Шоҳидон мегӯянд, дар назди мақбараи Шоҳи Зинда мошинҳои боркашеро диданд, ки хишт овардаанд. Онҳо дар наздикии боғи "Йулбарслар Хиёбонӣ", воқеъ дар ҳамсоягии оромгоҳи хонаводагии Гури Амир дида мешуданд.

Тавре хабар медиҳанд, ҳазор кӯчарӯб ба дерии вақт нигоҳ накарда, ин минтақаро аз майдони Регистон то мақбараи Бибихонум, аз ҷумла боғи "Йулбарслар Хиёбонӣ" ва кӯчаи Тошкандро тоза мекунанд. Як манбаъ аз шаҳрдорӣ низ тасдиқ кард, ки дохил шудани пиёдагардон ба боғ манъ карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон бар асари хунрезии мағзӣ бистарӣ буда, дар ҳоли ҳозир раҳбари иҷроияи ҳукумати ин кишвар сарвазир Шавкат Мирзиёев аст.

XS
SM
MD
LG