Ссылки доступа

Туркия ҷиҳодиёнро аз марзаш бо Сурия ронд


Биналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия хабар медиҳад, ки артиши Туркия дар якҷоягоӣ бо мухолифони мусаллаҳи Сурия гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро аз ноҳияҳои наздимарзии Сурия рондаанд.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи Йилдирим, дар марзи Туркияву Сурия ҳеч минтақае боқӣ намонд, ки дар ихтиёри ҷиҳодиён бошад.

Маркази назорати ҳуқуқи инсони Сурия мегӯяд, гуруҳи "Давлати исломӣ" баъди аз даст додани назорати минтақаҳои марзӣ имкони иртибот бо ҷаҳони хориҷро низ аз даст додааст.

Туркия 24 август амалиёти низомиашро дар Сурия шуруъ кард. Раиси ҳукумати Туркия гуфт, ки кишвари вай ба таъсиси "давлати сунъӣ" дар шимоли Сурия иҷозат намедиҳад.

Рӯзи якшанбе президенти ИМА Барак Обама ба президенти Туркия Раҷад Эрдуғон аз зарурати "таъмини амният дар марзи Туркияву Сурия" ёдовар шуд. Обама бо Эрдуғон дар саммити "Бистгонаи бузург", ки дар Чин баргузор мешавад, мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG