Ссылки доступа

Саммити "бистгонаи бузург" дар Чин ба поён расид


5 сентябр дар Чин саммити дурӯзаи "бистгонаи бузург" ба итмом расид. Ҳанӯз то кушоиши саммит президенти Чин Си Ҷинпин ва президенти ИМА Барак Обама эълон карданд, ки созишномаи иқлимии Порисро ба имзо мерасонанд.

Ба Чину ИМА - ду кишвари бузурги истифодабарандагони газҳои гулхонаӣ - наздики 40 дарсади партовҳои ҷаҳонӣ рост меояд. Созишномаи Порис кам кардани партовҳои газҳои гулхонаиро пешбинӣ мекунад. Ин созишнома ба маҳзи қабул шуданаш аз сӯи ҳадди ақал 55 кишваре, ки 55 дарсади партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд, ба иҷро хоҳад даромад.

Президенти Русия Владимир Путин ва Барак Обама рӯзи душанбе роҳҳои ҳалли низоъ дар Сурия ва шарқи Украинаро баррасӣ карданд. Гуфтугӯи ду президент наздики 1,5 соат идома кард, аммо бе натиҷа ба поён расид.

Путин ҳамзамон бо Франсуа Олланд, президенти Фаронса мулоқот кард ва Олланд баъди дидор бо Путин гуфт, ки моҳи октябр дар Порис ҷаласаи "чаҳоргонаи нормандӣ" доир ва иҷрои созишномаи Минскро дар мавриди танзими низоъи Донбасс баррсӣ хоҳад кард.

Дар поёни саммит кишварҳои "бистгонаи бузург" ваъда карданд, ки то поёни сол созишномаи расмиёти соддашудаи тиҷорати байналхалқиро ба имзо мерасонанд. Роҳбарони "бистгона" ҳамчунин ислоҳоти квотаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва шомил кардани юани Чинро дар шумори пулҳои захиравии Бунёди байналхалқии асъор пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG