Ссылки доступа

Русияву Саудӣ хостори эътидол дар бозори нафт шуданд


Русия ва Арабистони Саудӣ созиш кардаанд, ки якҷоя ё бо кишварҳои дигари нафткаш барои нигоҳ доштани эътидоли бозор иқдом кунанд. Мақомоти ду кишвар дар ин бора бо нашри як изҳороти муштарак расман иттилоъ додаанд.

Дар изҳорот оиди чораҳои мушаххас барои қатъи истихроҷ чизе гуфта нашудааст. Вале "вазирон гуфтаанд, ки муколамаи созанда ва ҳамкории зич миёни кишварҳои асосии нафткаш барои нигоҳ доштани эътидоли бозори нафт ва таъмини сатҳи устувори сармоягузорӣ дар ояндаи дарозмуддат бисёр муҳим аст".

Дар пайи эълони ин созиш арзиши нафти навъи Brent якбора, вале кутоҳмуддат боло рафтааст. Нархи як бушка нафт дар биржаи "ICE"-и Лондон то 49,15 доллари ИМА (5,4%) баланд шудааст.

Қарор аст, охирҳои моҳи сентябри соли равон дар Алҷазоир форуми байнулмилалии энергетикӣ баргузор шавад. Дар ҳошияи он кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки узви ОПЕК ҳастанд, тасмим доранд, мулоқоти алоҳидаеро анҷом диҳанд ва дар он вазири эенергетикаи Русия низ иштирок хоҳад кард. Дар ҳоле ки Русия узви ОПЕК нест.

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, мехоҳад кишвараш ва ОПЕК ба коҳиши истихроҷи нафт иҷоза диҳанд. Худи Русия ҳанӯз моҳи апрели соли равон гуфта буд, ки омодааст, дар ин бора иқдом кунад. Вале Эрон комилан зидди коҳиши истихроҷи нафт аст. Теҳрон баъди лағви таҳримҳо ба поин будани нархи ҷаҳонии нафт нигоҳ накарда, истихроҷи онро афзоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG