Ссылки доступа

Вашингтон мегӯяд, Ӯзбекистон хоҳони муносибатҳои устувор аст


Дипломати амрикоӣ Дэниел Розенблю мегӯяд, Ӯзбекистон хоҳони ҳифзи муносибатҳои уствор бо ИМА аст.

Розенблюм ин ҳарфҳоро баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Тошканд баён кардаст.

"Комилов ҳангоми мулоқот ба таври қатъӣ изҳор дошт, ки хоҳони муносибатҳои устувор бо ИМА аст, аз ҳамин хотир ман гуфтаҳои ӯро ҳамчун паёми муҳим қабул кардам", - афзудааст Розенблюм.

Ин нахустин сафари дипломати ИМА ба Ӯзбекистон баъди марги президент Ислом Каримов аст.

Розенблюм гуфтааст, "медонем, ки ҳама гуна тағйирот дар сатҳи олии роҳбарии кишварҳо душвор аст, аммо ин гуна марҳилаҳои гузариш барои пайдо кардани роҳҳои мутобиқшавӣ ва таҳкимёбӣ фурсатҳои хубе ҳастанд".

XS
SM
MD
LG