Ссылки доступа

ИМА ва Аврупо оташ задани телевизиони русиягароро дар Киев маҳкум карданд


Мақомоти ИМА ва кишварҳои Аврупоӣ оташ задани телевизиони русиягароро дар Киев маҳкум карда, ин гуна амалҳоро "номақбул" номиданд.

Дар натиҷаи сӯхтори идораи шабакаи телевизионии "Интер" шаби якшанбеи 4 сентябр панҷ корманд ҷароҳат бардоштааст. "Мо ҷонибдори таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор ҳастем ва ҷиддан натиҷаи таҳқиқро интизор мемонем", - хабар додааст сафорати ИМА дар Украина.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар робита ба сӯхтори телевизион шаш гумонбар боздошт шудааст.

Намояндаи САҲА дар умури озодии баён Дуня Миятович изҳор медорад, ки "норозӣ будан бо сиёсати идории расона баҳона намешавад, ки даст ба амалҳои хушунатбор бизанӣ, ҳатто дар сурате, ки хусусияти фаъолияти расона иғвогарона ва зидду нақиз ҳам бошад".

Миятович меафзояд, вокуниши фаврии мақомоти қудратии ин кишвар умедеро ба бор овардааст, ки ҳодиса мунсифона таҳқиқ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол вай мегӯяд, намояндагони дигари расмии Киев ва гуруҳҳои маҳаллӣ шабакаи мазкурро дар содиқ набудан ба Украина айбдор мекунанд ва талош доранд, ки рӯзноманигорони шабака фаъолияташонро қатъ кунанд.

XS
SM
MD
LG