Ссылки доступа

Пирамарди 75-сола савори дучарха ба зиёрати қабри Каримов рафт


Субҳи 5 сентябр пирамарди 75-сола аз вилояти Намангони Ӯзбекистон Ҳусайн Ҳоҷибоев савори дучархааш ба зиёрати қабри Ислом Каримов ба самти Самарқанд ҳаракат кардааст.

Айни ҳол вай дар нимароҳ аст ва ният дорад то 8-9 сентябр дар Самарқанд бирасад. Ба гуфтаи пирамард, вай бояд масофаи 521 километрро аз Намангон то Самарқанд дар 4-5 рӯз тай кунад.

Ин пирамард мегӯяд, чандин сол ба президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов нома навишта аз вай дархости кумак мекардааст. "Ҳамасола маро бо зодрӯзам, ки 1 сентябр аст, табрик мекард. Худаш намеомад, вале ҳокимони маҳаллӣ ба табрики ман меомаданд", - мегӯяд пирамард.

Ислом Каримов 2 сентябр аз сактаи мағзӣ даргузашт. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супориданд.

XS
SM
MD
LG