Ссылки доступа

Ҷанг дар ғарби Сурия 100 ҳазор нафарро гуреза кард


Дар пайи амалиёти ҷангӣ наздики 100 ҳазор сокини вилояти Ҳамаи Сурия маҷбур шудаанд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд. Дар ин бора СММ рӯзи чаҳоршанбе бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ ва Салиби сурх иттилоъ додааст.

Ҳамлаҳои шӯришгарон зидди мавзеъҳои тундравон дар шимоли Ҳама идома дошта, нерӯҳои мухолифин алакай тавонистаанд, шаҳри Халфайяро ба даст оранд.

Тавре маълум гардид, Туркия омодааст, дар якҷоягӣ бо ИМА ҷангиёни созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро аз шаҳри Раққаи Сурия, ки "пойтахти хилофат" эълон шудааст, берун кунад. Ин нуктаро Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия дар ҳошияи саммити "Бистгонаи бузург", ки дар Чин баргузор шуд, баён дошт.

Нерӯҳои ҳавоии режими президент Башор Асад рӯзи сешанбе шаҳри Ҳалаби Сурияро ҳадафи бомбаҳои газдор қарор доданд, ки дар натиҷаи беш аз 70 сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон осеб диданд. Ин гуна иттилоъро фаъолони мадании Сурия ва наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ мерасонанд.

Ин дар ҳолест, ки Димишқ мегӯяд аз маводи заҳролуд истифода накардааст ва ин кори шӯришгарон аст. Шаҳри Ҳалаби ҳанӯз ҳам ба ду қисмат ҷудо буда, як бахши онро режими Асад ва бахши дигарро нерӯҳои мухолифин дар даст доранд.

XS
SM
MD
LG