Ссылки доступа

Қирғизистон аз Белорус хост, Боқиевро истирдод кунад


Додситониҳои Қирғизистону Белорус масъалаи истирдоди президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро баҳс кардаанд. Мулоқоти додситонҳои ду кишвар дар шаҳри Мински Белорус доир шудааст.

Индира Ҷолдубоева, додситони кулли Қирғизистон масъалаи эътироф ва иҷрои ҳукми додгоҳи Қирғизистонро нисбати Қурмонбек Боқиев ва наздиконаш, ки айни ҳол дар ҳудуди Белорус ба сар мебаранд, дар миён гузоштааст. Ҷузъиёти дигари мулоқот хабар дода намешавад.

Мақомоти қудратии Қирғизистон борҳо барои истирдоди президенти пешини ин кишвар ба ҳамтоёни белорусашон муроҷиат карданд. Аммо Белорус мегӯяд, шаҳрвандонашро ба кишварҳои дигар истирдод намекунад.

Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. 29 июли соли ҷорӣ Додгоҳи олии Қирғизистон ӯро ба 30 соли зиндон маҳкум кард, зеро тибқи қонун, нисбати шаҳрвандоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни 60 расидаанд, ҳабси абад таъйин намешавад.

XS
SM
MD
LG