Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон таъйин шуд


Дар ҷаласаи муштараки порлумони болоӣ ва поёнии Ӯзбекистон, ки 8 сентябр доир шуд, Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар таъйин гардид.

Тибқи иттилои бархе аз сарчашмаҳо, раиси табақаи болоии порлумони Ӯзбекистон Неъматулло Юлдошев аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи президент даст кашида ва ба ин тартиб Мирзиёев ба курсии муваққатии раисҷумҳурӣ нишастааст.

Шавкат Мирзиёеви 59-сола Донишкадаи обёрии Тошкандро хатм кардааст. Вай фаъолияти сиёсиашро аз раисии ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд шуруъ карда, баъдан дар вилоятҳои Ҷиззаху Самарқанд ҳоким будааст. Мирзиёев соли 2003 сарвазири Ӯзбекистон таъйин шуд.

Баъди марги Ислом Каримов, дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ, вай роҳбарии комиссияи давлатии баргузории ҷанозаи президентро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG