Ссылки доступа

Қирғизистон ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиёнро мизбонӣ мекунад


Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиёнро мизбонӣ хоҳад кард. Ин нуктаро Сапар Исоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон зимни як нишасти хабарӣ баён доштааст.

Ба гуфтаи вай, бозиҳои мазкур имсол дар сатҳи баланд баргузор ва ба тамоми ҷаҳониён намоиш дода шудааст. "Қирғизистонро аз зовияи нав шинохтанд", - гуфтааст Исоқов.

Қаблан интизор мерафт, ки ҳаққи баргузории бозиҳои навбатиро кишвари дигар, аз ҷумла Туркия ё Қазоқистон соҳиб шаваб. Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён II аз 3 то 8 сентябри соли равон бо иштироки наздики 1000 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон идома ёфт.

Расми анҷоми он 8 сентябр дар майдони аспдавонии Чолпон-Ота баргузор ва барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои машҳури эстрадаи Қирғизистон пешкашӣ бинандаҳо шуд. Бозиҳои нахустини ҷаҳонии аспдавонӣ моҳи сентябри соли 2014 баргузор гардида буд.

XS
SM
MD
LG