Ссылки доступа

Низомиҳои СҲШ дар Қирғизистон машқҳои зиддитеррористӣ мегузаронанд


Бахшҳои низомии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар машқҳои ситодиву фармондеҳӣ дар Қирғизистон навъи муборизаи муштаракро меомӯзанд. Дар ин бора Ситоди кулли нерӯҳои низомии Қирғизистон хабар медиҳад.

Машқҳои "Маъмурияти сулҳомез-2016" барои "Омодагӣ ва баргузории амалиёти муштараки зиддитеррористии нерӯҳои низомии кишварҳои узви СҲШ" соли ҷорӣ дар Қирғизистон аз 15 то 21 сентябр баргузор мешавад. Дар ин машқҳо низомиҳои Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар рафти машқҳо низомиҳо омодагӣ ва анҷоми амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, боло бурдани омодагии нерӯҳо ва тавонии СҲШ ба ҷинги зидди террористон, тундгароён ва ҷудоихоҳонро хоҳанд омӯхт.

XS
SM
MD
LG