Ссылки доступа

Назарбоев: дар ҳайати ҳукумат тағйироти ҷиддие сурат нахоҳад гирифт


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон имрӯз зимни ҷаласаи васеи ҳукумат гуфтааст, ки баъди истеъфои сарвазир Карим Масимов дар девони вазирони ин кишвар тағйири ҷиддие дар назар нест.

"Ҳоло ҳукумат дар истеъфо аст. Ин масъала зуд ҳалли худро хоҳад ёфт ва интихоби раҳбарони шумову вазирон дер давом намекунад. Фикр мекунам, тағйироти ҷиддие намешавад. Зеро ҳукумат дар вазъияти сангин ҳамаи вазифаҳо дастурҳоро иҷро мекард", - иқтибос овардааст хабаргузории "Казинформ" аз суханони Назарбоев.

Уҳдадориҳои сарвазирро муваққат ба зиммаи муовини аввали сарвазир Бакидҷон Сагинтоев вогузор кардаанд. Сарвазири ҳамакнун пешини Қазоқистон 8 сентябри соли равон раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъйин шуд. Масимов дар ин мақом Владимир Жумакановро иваз кард, ки ахиран мушовири президент интихоб гардид.

Президенти Қазоқистон афзудааст, ки тағйири кадрҳо мантиқи худро дорад. "Ин ба зарурати пурзӯр ва баланд бардоштани амният марбут аст. Масимов дар як замони хеле ҳассос бо назардошти таҷрибаи кориашу вазъи ҷумҳурӣ ба ин вазифа таъйин шуд",- изҳор доштааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG