Ссылки доступа

Мушкили фаннии ҳавопаймои дигари Тоҷикистон


Ширкати "Сомон Эйр" ба иллати мушкилоти техникӣ дар яке аз ҳавопаймоҳои худ, натавонистааст беш аз 100 мусофирашро аз Красноярски Русия саривақт ба Душанбе расонад.

"Боинг"-и "Сомон Эйр"-ро, ки бояд субҳи 11 сентябри соли равон аз шаҳри Красноярск ба Душанбе парвоз мекард, пеш аз нишастани мусофирон ба ҳавопаймо, иҷозаи парвоз надодаанд.

Яке аз мусофирон мегӯяд, ба онҳо гуфтаанд, ки барои интиқоли Шумо аз Тоҷикистон ҳавопаймои дигар меояд. Зеро ин ҳавопаймо нуқси техникӣ дорад ва бартараф кардани он ду-се рӯз тӯл мекашад.

"Аз соати 4 субҳ инҷониб дар фурудгоҳем. Танҳо соати 8 як бор ба мо хӯрок додаанд. Вақте соат ду шуд, ба раҳбарияти фурудгоҳ муроҷиат карда, гуфтем, ки чаро касе моро таъмин намекунад? Миёни мо занону кӯдакони навзод ва пиронсолон ҳам ҳастанд. Кормандони фурудгоҳ гуфтанд, ки ин масъулияти ширкати "Сомон Эйр" аст", - афзуд вай.

Ин бори бори дувум аст, ки ҳавопаймоҳои Тоҷикистон тайи як ҳафтаи ахир бо мушкили техникӣ рӯбарӯ мешаванд. Аз ин пештар 6 сентябри соли равон Боинг-757-231-и ширкати "Тоҷик Эйр" баъди ним соати парвоз ба далели фаннӣ маҷбур шуд, ки дубора ба фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек баргардад ва мусофирони онро танҳо 8 сентябр ба Душанбе оварданд.

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини Тоҷикистонанд, ки ҳавопаймоҳои амрикоии Boeing ва русии ТУ доранд.

XS
SM
MD
LG