Ссылки доступа

Президенти нави Ӯзбекистон 4 декабр интихоб мешавад


Бино бар эълони Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ӯзбекистон, интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 4 декабри соли равон баргузор хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо 30 сентябр оғоз шуда, то 20 октябри соли равон идома хоҳад ёфт.

Рӯзи 8 сентябри соли равон дар натиҷаи ҷаласаи якҷояи ҳар ду палатаи порлумони Ӯзбекистон сарвазир Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии ин кишвар интихоб шуд.

Бар пояи моддаи 96-и Конститутсияи Ӯзбекистон, "ҳангоми вафот ё истеъфои президент вазифаҳои ӯ то интихоби президенти нав ба зиммаи раиси Сенати олии Маҷлиси ин кишвар Неъматулло Юлдошев бояд вогузор мешуд. Вале Юлдошов ба иллат надоштани таҷриба аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи президент даст кашид ва номзадии Мирзиёевро пешниҳод кард.

Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон баъди 27 соли раҳбарӣ дар синни 78-солагӣ даргузашт ва ӯро дар шаҳри Самарқанд ба хок супориданд. Комиссияи ташкили маросими дафни Каримовро Мирзиёев раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG