Ссылки доступа

Қудратиҳои кишварҳои СҲШ дар Алмаато ҷамъ мешаванд


Роҳбарони ниҳодҳои қудратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷамъ меоянд, то барои пешгирӣ аз амалҳои террористие, ки тавассути маргталабон анҷом мешаванд" чароандешӣ кунанд.

"Роҳбарон ҳамчунин барои пешгирӣ аз идеологияи тундгарои динӣ дар ҳудуди кишварҳои узв чораандешӣ хоҳанд кард", - хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаи "пешгирӣ аз паҳншавии идеяҳои терроризм дар Интернет" баҳс хоҳад шуд.

Тавре хабар дода мешавад, дар ин ҷаласа мақомоти қудратии Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Ҳанӯз санаи баргузории ҷаласа эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG