Ссылки доступа

Пентагон кушта шудани сухангӯи ДИ-ро тасдиқ кард


Пентагон тасдиқ кард, ки Абӯ Муҳаммад ал-Аднонӣ, котиби матбуотии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар натиҷаи як зарбаи ҳавоии Амрико дар Сурия кушта шудааст.

"Мубаллиғи асосӣ ва тарроҳи амалиётҳои террористии хориҷии ДИ дар наздикии ал-Бабаи Сурия нобуд карда шуд", - гуфтааст Питер Кук, сухангӯи Пентагон.

Ба гуфтаи вай, баъди кушта шудани Аднонӣ фаъолияти ин гуруҳи террористӣ мушкил хоҳад шуд. Зеро ӯ дар роҳнамоии ҳамлаҳои инфиродӣ ба иншооти мадании кишварҳои гуногун нақши калидӣ дошт.

Зарбаи ҳавоии мазкур 30 августи соли равон тавассути бесарнишини амрикоии Predator анҷом шудааст. Мушаки сардодаи ин дастгоҳ мошинеро, ки дар дохилаш Аднонӣ ҳузур дошт, ҳадаф қарор додааст.

Аднонӣ ба ҳайси сухангӯи ДИ фаъолият мекард ва дар анҷоми як қатор амалиёти террористии соли гузашта, аз ҷумла ҳамлаҳои Порис, Брюссел, Истамбул ва Бангладеш нақши асосиро мебозид. Ба гуфтаи мақомҳои расмӣ, ӯ ҳамчунин дар сарнагун кардани ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синои Миср даст доштааст.

XS
SM
MD
LG