Ссылки доступа

Дориға Назарбоева вакили порлумон таъйин шуд


Духтари калонии президенти Қазоқистон Дориға Назарбоева вакили порлумони болоии ин кишвар шудааст. Фармони президент дар бораи таъйини духтараш ба мансаби нав дирӯз баъди тағйироти кадрии ҳукуматӣ содир шудааст.

Дориға Назарбоева дар ҳукумати пешини Қазоқистон аз сентябри соли 2015 то кунун мақоми ноиб-сарвазириро соҳиб буд. То замони ноиб-сарвазирӣ муовини раиси порлумон буд.

9 сентябри соли ҷорӣ сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз мақом барканор ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд. Бакитҷон Сагинтоев курсии сарвазирии Қазоқистонро соҳиб гардид.

XS
SM
MD
LG