Ссылки доступа

Дар Туркманистон маҳдудияти синну солӣ барои президентӣ бекор шуд


Порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард. Конститутсияи нав маҳдудияти синну солиро барои номзад шудан ба мақоми президентӣ бекор ва ҳамзамон муҳлати президентиро аз 5 ба 7 сол тамдид кардааст. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон қонуни мазкурро рӯзи чаҳоршанбе имзо кард.

Конститутсияе, ки соли 2008 дар Туркманистон қабул шуда буд, имкон намедод, ки афроди аз 70-сола боло номзад шаванд.

Интихоботи навбатӣ дар Туркманистон соли 2017 дар назар аст. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти феълӣ 59 сол дорад ва аз соли 2007 ба ин сӯ сари қудрат аст.

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ислоҳоти Қонуни асосии Туркманистон, ба вижа кафолати додгоҳҳои одилонаро хуш пазируфтааст. Дар ҳамин ҳол созмон манъи фаъолияти ҳизбҳои "диннӣ ва ё миллатгаро"-ро танқид кардааст. Ҳамчунин созмон тавсия додааст, ки муҳлати президентӣ тамдид нашавад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch бар ин назар аст, ки режими Туркманистон яке аз саркӯбкунандатарин режимҳои ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG